• Tajik
  • Русский
  • English

Рӯзи 29-уми январи соли 2019 дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо бо иштироки Раиси Комиссия - Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини Раиси Комиссия - Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек, муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс, сардори РБДА ВКД генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, тандурӯстӣ, молия, Хадамоти гумрук, инчунин муовинони раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар корхонаву идораҳои давлатӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, доир ба иҷрои нақша-чорабиниҳо ва корҳои ба сомон расонидаи ҷаласаи қаблан баргузоргардидаи комиссия оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар роҳҳои автомобилгард, танзими бонизоми воситаҳои нақлиёт ва пешгирии тамбашавии мошинҳо ибрози андеша намуд.

Сипас, котиби Комиссияи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс вобаста ба вазъи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард дар соли 2018 ва андешидани чораҳо дар ин самт баромад намуд.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои вазъи кунунии шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ, назорати истифодабарии роҳҳои автомобилгард, ҳаракати воситаҳои нақлиётии гаронвазн, корҳои сохтмониву таҷдиди роҳҳо дар қаламрави кишвар, ҳамчунин ба роҳ мондани омӯзиши қоидаҳои ҳаракати роҳ дар муассисаҳои томактабӣ, боғчаву кӯдакистонҳо ва таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар мушкилоти ҷойдошта баррасӣ гардиданд.
Дар анҷоми ҷаласа ҳайати Комиссия барои дар оянда боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Комиссияи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.