• Tajik
  • Русский
  • English

   Дар Вазорати нақлиёти кишвар 15-уми июли соли равон ҷаласаи ҳайати Мушовара баргузор гардид, ки дар он фаъолияти соҳаҳои маҷмааи нақлиёт дар шашмоҳаи аввали соли 2016 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюум мавриди ҳаллу фасл ва баррасӣ қарор гирифт.

   Дар кори ҷаласа Муовини Сарвазири кишвар Азим Иброҳим, Муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Ҳабибов ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ширкат доштанд.

  Нахуст Вазири нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон аз рӯи мавзӯъ маърӯза намуда, дар ҷараёни он ва зимни масоили вобаста ба роҳбарони раёсату корхонаҳо дастуру супоришҳо дод, ки фишурдаи он дар ҳафтаномаи «Нақлиёт» пешниҳод мегардад.....