• Tajik
  • Русский
  • English

  Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятии Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо баргузор гардид.

  Ҷаласаро раиси Комиссияи ҷамъиятии Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири нақлиёт Вализода Рустам бо суханҳои ифтитоҳи оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.

  Сипас, оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Комиссияи ҷамъиятӣ котиби комиссия Бобоев К. суханронӣ намуд.

  Дар рафти ҷаласа масъалаҳои асосӣ доир ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар корхонаҳои маҷмааи нақлиёту роҳ баррасӣ карда шуда, таъкид гардид, ки риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  вазифаи ҳар як хизматчии давлатии Вазорати нақлиёт буда ҳар як корманд барои иҷрои он масъул мебошад.