• Tajik
  • Русский
  • English

   Имрӯз дар Вазорати нақлиёти ҶТ ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид. Аъзоёни ҳизб ҳисоботӣ солонаи Раиси ТИҲ Бобоева Ниссо Темуровна шунида фаъолияти ташкилоти ҳизбиро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Дар ҷаласаи мазкур Вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр Завқибек, муовини якуми вазир Мирзоев Суҳроб Бегматович, муовини вазир Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон  иштирок ва баромад намуданд. Инчунин дар кори ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Шоҳмансури ш.Душанбе Гулаҳмадзода Зулфиқор иштирок ва баромад намуд.