• Tajik
  • Русский
  • English

Ҷаласаи Ҳайати Мушовараи Вазорати нақлиёт, ки рӯзи 18 октябр баргузор гардид, масъалаҳои “Ҷамъбасти натиҷаҳои фаолияти соҳаҳои нақлиётӣ дар нӯҳ моҳ ва вазифаҳо барои семоҳаи охири соли 2013”, “Омодагии маҷмааи нақлиёти ҷумҳурӣ ба зимистонгузаронии солҳои 2013-1014» ва «Ҷамъбасти 9-моҳаи фаъолияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муроҷиат ва қабули шаҳрвандон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Аз рӯи масъалаи асосӣ муовини вазири нақлиёт Худоёр Худоёров маърӯза намуда, ба таври фишурда ва мушаххас бурду бохти нӯҳмоҳаи фаъолияти вазоратро натиҷагирӣ намуд.