• Tajik
  • Русский
  • English

 Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати Мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти  соҳаи  нақлиёт дар нимсолаи якуми соли  2019  ва вазифаҳо  барои семоҳаи  сеюми  соли  2019  баррасӣ  гардид.

Дар ҷаласа навбатӣ муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибов Муҳаммад Ҳомидович аъзои ҳайати Мушовара, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор,  сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаю корхонаҳои сохтори вазорат иштирок намуданд.

Аз рӯи масъалаи муҳокимашаванда муовини якуми вазири нақлиёт Мирзозода Суҳроб маъруза кард.

Маълумоти муфассал дар Ҳафтаномаи "Нақлиёт".