• Tajik
  • Русский
  • English

 Рӯзи 16 - уми майи соли равон  дар Вазорати нақлиёт таҳти раёсати вазир Худоёрзода Худоёр ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати Мушовара бо иштироки сардорон ва масъулини корхонаҳои маҷмааи нақлиёт баргузор гардид.

 Дар кори ҷаласа ҳамчунин намояндагони сохторҳои марбута, аз ҷумла, Прокуратураи генералӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, Бозрасии давлатии автомобилӣ, мутахассисон аз Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ва дигарон  низ ширкат варзиданд.

 Мушовара масъалаи  аз роҳҳои автомобилгард гузаштани нақлиёти гаронвазн, танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва риояи меъёрҳои вазну андозаҳо дар раванди ҳамлу нақли байналмилалӣ  ва дигар масоили ҷорӣ баррасӣ гардиданд.

 Ҷаласа бо мақсади таъмин намудани иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар дода шуданд, гузаронда шуд.

 Муфассал аз ҷараёни ҷаласа дар ҳафтаномаи «Нақлиёт» чоп мешавад.