• Tajik
  • Русский
  • English

  Санаи 29-уми августи соли равон дар Вазорати нақлиёт ҷаласаи умумии кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барои фаҳмондадиҳии тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.  

  Ҷаласаи мазкур бо роҳбари  Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Худоёрзода Худоёр ва сармутахассиси Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус - котиби Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бобоев К.Ҳ баргузор гардид.

  Аз ҷониби Вазири нақлиёт ба масъулин супориш дода шуд, ки нусхаи баромади котиби Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсат, шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва зерсохторони вазорати нақлиёт расонида шавадю. Инчунин, роҳбарони онҳо вазифадор карда шуданд, ки фаҳмондадиҳии онро дар байни кормандони худ мавриди омӯзиши ҳамаҷониба ва дар амал татбиқ намудани он қарор диҳанд.