• Tajik
  • Русский
  • English

 Имрӯз дар Вазорати нақлиёт ҷаласаи чоруми корӣ оид ба баррасии рафти татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт бо роҳбарии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр баргузор гардид.

 Дар рафти  ҷаласа рафти корҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузори баррасӣ гардиданд.

 Дар ҷаласа роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳо иштирок дошта, оид ба рафти иҷрои корҳо дар лоиҳаҳо ахборот доданд.

 Вазири нақлиёт баҳри тезондани кор ва дар муҳлати муайян ба итмом расондани лоиҳаҳо ба масъулин дастурҳои мушаххас дод.