• Tajik
  • Русский
  • English

 Рӯзи 4 – уми июл ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар шаҳри Душанбе, дар меҳонхонаи Тоҷикистон ба кор оғоз гардид.

 Дар ҷаласа масоили ҳамкориҳои иқтисодиёю тиҷоратии байни ду кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, энергетика, захираҳои обӣ ва нафту газ, соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, кумитаи ҳифзи муҳити зист, саноат, нақлиёт, гумрук, кишоварзӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва суғурта мавриди муҳокима қарор мегиранд.

 Ҷаласа то 5 – уми  июл идома дошта, дар фарҷом миёни ҷонибҳо протокол ба имзо мерасад.

 Ҳамраисии Комисияи байниҳкуматии ҷониби Тоҷикистонро вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр Завқибек ба зимма дорад.