• Tajik
  • Русский
  • English

Рӯзи 20-21-уми июни соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 14-уми маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Со­змони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (СҲИ, ЭКО) ва ҷаласаи 8-уми Куми­таи Роҳи оҳани Шӯрои ҳамоҳангсоз транзитӣ – нақлиётӣ баргузор гардид.

Пас аз соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соири соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла, риштаи маҷмааи нақлиётӣ, равнақи тоза ёфт ва ин ҳамкориҳо сол аз сол тавсеаву нумӯ меёбанд.

Бо эҳтимому талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил гашт.

Имрӯзҳо низ Ҳукумати киш­вар ба ривоҷи маҷмааи нақлиёт, билхусус, роҳи оҳан, таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҳамин нук­та дар ҷаласаи СҲИ низ таъкид гардид.

Дар ибтидо муовини аввали вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Мирзозода изҳори боварӣ намуд, ки чунин нишастҳо имкон медиҳанд, то нуқтаҳои назари тарафҳо дар роҳи пешрафт наздик шуда, ҳусни тафоҳум ба даст ояд.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон инфра­сохтори иқтисодиаш, бахусус соҳаи нақлиётро, бомаром ин­кишоф дода истодааст, ки дар тараққиёти иқтисодиёт ва боло­равии сатҳи зиндагӣ мусоидати комил менамояд.

Маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавопаймоиро муттаҳид менамояд.

Маълумоти муфассал дар Ҳафтаномаи "Нақлиёт".