• Tajik
  • Русский
  • English

 Санаи 18-уми январи соли равон дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи омӯзиш ва тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” аз 26 декабри соли 2018 бо иштироки кормандони масъул, сардорони муассисаю корхонаҳои зертобеи Вазорат баргузор гардид.

 Нишастро муовини якуми вазири нақлиёт Мирзозода Суҳроб ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти Паём дар пешрафти кори соҳа, нуқтаҳои муҳими баррасиёфта дар бораи маҷмааи роҳу нақлиёт ва дар амал татбиқ намудани ин нуқоти Паём маърӯза кард.

 Дар охир сардори Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ  Шоиста Саидмуродова лоиҳаи Нақшаи - чорабиниҳои Вазорати нақлиёт оид ба амалӣ намудани Паёмро ба саҳми ҳозирин расонд.

Маълумоти муфассал дар Ҳафтаномаи “Нақлиёт”.