• Tajik
  • Русский
  • English

   Имрӯз дар маҷлисгоҳи Вазорати нақлиёт ҷаласа дар мавзуи тарғиби танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Вазорат баргузор гардид, ки дар он оид ба омодагй ба Иди Қурбон, тарзи гузарондани ин ҷашн мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати кишвар ба иштирокчиён маълумот дода шуд.  

  Ҷаласаро сардори Раёсати корҳои Вазорати нақлиёт Усмонов Субҳон ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҷашни дарпешистода аз номи роҳбарияти вазорат шодбош гуфт. Сипас сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус - котиби Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Корвон Бобоев оид ба хусусиятҳои иди Қурбон, тарзу усулҳои таҷлили ин ҷашн ва риояи қонуну қоидаҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба иштирокчиён маълумот дод.

  Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки  дар моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», омадааст, ки иди Қурбон ҳамчун иди расмӣ қабул гардидааст. Дар банди  4 моддаи 7 қонуни мазкур омадааст, ки  дар рӯзҳои идҳои Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона бояд ороста ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст.