• Tajik
  • Русский
  • English

  Санаи 27 марти соли 2019 дар Вазорати нақлиёт бо роҳбарии муовини вазири нақлиёт - Ганҷалзода Ш.Р ва иштироки муовини Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Набизода Азиз ва намояндагони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” бо намояндагони ширкатҳои  «Korea-Сentral Asian Friendship Asociation, Global Korea Partners Co., Ltd» ва «Uriel soft Co.,Ltd» вохӯрӣ баргузор гардид.

 Дар доираи вохӯрӣ ҷониби кореягӣ оид ба кору фаъолияти ширкатҳои худ  вобаста ба соҳаи насби барномаҳои рақамӣ оид ба мусофирон ва махзани хизматрасониҳои бехатарӣ дар фурудгоҳҳо маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Қайд карда шуд, ки ширкати “Uriel soft Co.,Ltd” аз соли 2006 фаъолият намуда, таҷҳизотҳоро барои бақайдгирии мусофирон, бағоҷ ва борҳо дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ истеҳсол менамояд.