• Tajik
  • Русский
  • English

 Дар амал татбиқ гаштани низоми тахографи рақами бо мақсади таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар доираи Созишномаи Аврупо вобаста ба фаъолияти экипажҳои (сарнишинони) воситаҳои нақлиёт, ки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро иҷро менамоянд.

 Мутобиқ ба шартномаи басташуда аз 26 октябри соли 2011, таҳти №1-МК байни Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати S.C. Certsign S.A-и дар Бухарест қарор дошта (Руминия), низоми истифодабарии тахографи рақамӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гашт. Дар асоси талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 октябри соли 2011, №503 «Оид ба истифодабарии тахографҳои рақамӣ дар ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ» бо мақсади таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар доираи Созишномаи Аврупо вобаста ба фаъолияти экипажҳои (сарнишинони) воситаҳои наклиёт,  кортҳои рақамии миллӣ (корти ширкат/ корхона, корти ронанда, корти назоратчӣ, корти таъмиргоҳ) барои тахографҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ гашт.  

 Таҳти роҳбарии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки ҷониби Руминия, мақомотҳои салоҳиятдори давлатӣ, ташкилотҳои нақлиётӣ, 20.08.2019с. бомувафаққият муаррифӣ дар мавзӯи татбиқи низоми тахографи рақамӣ гузаронида шуд.