• Tajik
  • Русский
  • English

  Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи шашуми Кумитаи ҳамоҳангсозии “Лоиҳаи таҳкими иқтидор оид ба пешгири ва бартарафсозии ҳолатҳои Фавқулода дар роҳҳои автомобилгард”  бо роҳбарии муовини вазири нақлиёт Вализода Рустам Роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии Лоиҳа баргузор гардид.

  Дар ҷаласаи навбатӣ  намояндаи Агентии JICA ва роҳбарони муассисаю корхонаҳои сохтори вазорат иштирок намуданд оид ба рафти татбиқи лоиҳа дар 6 моҳи охир ва нақшаҳо оид ба фаъолиятҳое, ки дар чорчӯбаи лоиҳаи техникии мазкур дар давоми 6 моҳи оянда иҷро карда мешаванд маълумот дода шуд.

  Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи болозикр аз моҳи апрели соли 2017 оғоз ёфта, анҷоми он моҳи июли соли 2020 пешбини шудааст.

 Хадафи асосии лоиҳаи таҳкими сатҳи маллака ва қобилиятнокии мутахасисони сохторҳои тобеи Вазорати нақлиёт дар самти пешгирӣ ва оқибатҳои бартарафсозии ҳолатҳои Фавқулода дар роҳҳо мебошад.