• Tajik
  • Русский
  • English

   Вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр 25 апрел барои шиносоӣ бо вазъи баамаломада дар километри 33 + 700 –и роҳи Айнӣ – Панҷакент ва баррасии арзу шикояти шаҳрвандон аз вазъи роҳи мазкур ба ин минтақа сафар карда бо раисону аҳолии маҳаллаҳои сарироҳӣ мулоқот намуд.

   Тавре иттилоъ гирифтем, аз вазъи роҳи Айнӣ – Панҷакент ба унвони вазири нақлиёт арзу шикоятҳо ворид гардиданд. Дар километри 33 + 700, яъне дар натиҷаи фурӯ рафтани сой 60 метри роҳ хароб шуд. Масъулини вазорат тасмим гирифтанд, ки ин мавзеи роҳро мавриди санҷиш қарор диҳанд.

   Ҳангоми сафари корӣ вазири нақлиёт ҳамроҳи мутахассисони соҳаи роҳсозӣ роҳи деҳаи Равот ва сойи Зебонро низ мавриди санҷиш карор дод. Дар натиҷа маълум гардид, ки арзу шикояти шаҳрвандон дар мавриди вайрон будани вазъи роҳҳо асоси воқеӣ надорад. Вазир ҳамчунин барои бехатар намудани сойи Зебон, таъмини мунтазами ҳаракати васоити нақлиёт дар мавзеи фурӯрафтаи роҳ ва бартараф кардани дигар нуқсонҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.