• Tajik
  • Русский
  • English

Боздиди Сарвазир аз сохтмони роҳи Душанбе – Бохтар

 Ҳафтаи гузашта Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти “Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар”, марҳилаҳои 1 ва 2 дидан кард. Сарвазирро вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр, муовини вазир Мирзозода Суҳроб, Директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Нураллӣ Арабзода ва дигар мутасаддиён ҳамроҳӣ карданд.

 

Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои таҷдид ва азнавсозии роҳи Душанбе – Бохтар, марҳилаҳои 1 ва 2 аз наздик шинос гардида, доир ба натиҷаҳои иҷрои корҳои сохтмонӣ, азхудкунии маблағҳо ва ташкили кор маълумот гирифта, аз қитъаҳои алоҳидаи роҳ дидан намуд. Ў ҳамчунин аз рафти корҳои роҳсозӣ дар лоиҳа қаноатмандӣ изҳор намуд, ки он супоришҳое, ки дар сафарҳои қаблӣ дода шудаанд, аксарияташон иҷро гардиданд. Аммо барои боз ҳам тезонидани корҳои сохтмонӣ ва бо сифати баланд бунёд намудани иншоот ба масъулин супориш дод, ки аз гармии рўзҳо истифода намуда, суръати корҳоро тезонанд. Тамоми техникаҳои роҳсозӣ бояд пурра ба ин сохтмон сафарбар карда шаванд. Миқдори техникаҳои заруриро барои иҷро намудани корҳои роҳсозӣ сафарбар намуда, масъала ва мушкилиҳои ҷойдоштаро ба ситоди доимамалкунанда пешниҳод намоянд. Инчунин сифати иҷрои корҳо аз ҷониби машваратчёни баналмилалӣ ва маҳаллӣ низ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад ва иншоот дар мўҳлати муайяншуда ба истифода супорида шавад.

Г. Ватаншо