• Tajik
  • Русский
  • English

    Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, нақлиёти автомобилӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок боқӣ монда, дар рушди иқтисодиёти кишвар мавқеи калидӣ дорад.

Имрузҳо дар бозори хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ  1361 субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла 120 адад корхонаи нақлиёти мусофирбар бо теъдоди 9 ҳазору 870 адад воситаҳои нақлиёт,  122 корхонаи нақлиёти боркаш бо теъдоди 14 ҳазору 221 адад воситаи нақлиёт (аз ин 50 адад ширкатҳои нақлиёти автомобилии байналмилалӣ), 50 терминали мусофирбар, 14 терминали боркашонӣ, 996 нуқтаҳои таъмир ва хизматрасониҳои техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, 76 қароргоҳҳои нақлиётӣ ва  844 хатсайрҳои мусофирбарӣ расман фаъолият доранд.

  Дар чор моҳи аввали соли 2017 ҳаҷми интиқоли борҳо тавассути нақлиёти истифодаи умум 5451,8 ҳазор тоннаро ташкил намуда, аз он  4054,6 ҳазор тонна ба нақлиёти автомобилӣ, 1396,6 ҳазор тонна ба нақиёти роҳи оҳан ва 593 тонна ба нақлиёти ҳавоӣ рост меояд. Бояд қайд намуд, ки 74,4% боркашонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умум ба нақлиёти автомобилӣ рост омада, танҳо 25,6% ба нақиёти роҳи оҳан таалуқ дорад. 

  Дар чор моҳи аввали соли 2017 ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилии истифодаи умум 4054,6 ҳазор тонна ва гардиши бор 787,7  млн. тонна/км-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2016  ҳаҷми бор 8,9 %  ва гардиши бор 14 % афзоиш ёфтааст.

  Ҳаҷми боркашонии дохилӣ бо нақлиёти автомобилии истифодаи умум 3721,8 ҳазор тонна ва боркашонии байналмилалӣ 333,3 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2016 боркашонии дохилӣ 8,1 % ва боркашонии байналмилалӣ 19 % зиёд шудааст.

  Аз ҳаҷми интиқоли байналмилалии борҳо бо нақлиёти автомобилӣ 42,1% ба содирот рост меояд. Дар чор моҳи аввали соли 2017 ҳаҷми содироти борҳо бо нақлиёти автомобилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 74,2% зиёд шуда, ҳаҷми воридоти борҳо 3,5% кам шудааст. Зиёдшавии содироти борҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷ аз болоравии иқтидори истеҳсолии кишвар арзёбӣ мегардад.   

  Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар чор моҳи аввали соли 2017 60,4 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016  4,2 ҳазор тонна ё 7,4 %  зиёд мебошад.  80,1%  -и ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба нақлиёти автомобилӣ ва 19,9 % ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба 4 моҳи аввали соли 2016 мутаносибан бо нақлиёти автомобилӣ 29,6% зиёд ва бо роҳи оҳан  36,4% камтар гардидааст.

  Бояд қайд намуд, ки дар чор моҳи аввали соли 2017 бо нақлиёти автомобили содироти пахта 36,5 ҳазор тонна, нахи пахта (пряжа) 10,6 ҳазор тонна ва пуст 576 тоннаро ташкил мекунад. Бояд тазаккур дод ки маҳсулотҳои содиротӣ соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 зиёд гардидаанд, аз қабили пахта 33,7%, пуст  74%, карам 5 маротиб, ширинбия 7 маротиб зиёд шудааст. Боиси хурсандист, ки аз ҷумҳуриамон содироти нахи пахта (пряжа)  назаррас зиёд гардидааст. Агар дар чор моҳи соли 2016 содироти нахи пахта ҳамагӣ 100 тоннаро ташкил медод, дар чор моҳи соли 2017 бошад содироти он ба 10,6 ҳазор тонна баробар шуд, ки аз ин 62,% ба Ҷумҳурии исломии Эрон ва 30,3% ба Ҷумҳурии Туркия содирот шудааст.     

  Мавқеи нақлиёти автомобилии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интиқоли байналмилалии борҳо  устувор гардидаааст. Агар дар чор моҳи соли 2016 бо нақлиёти автомобилии ватанӣ 111,16 ҳазор тонна  интиқоли борҳо дар самти байналмилалӣ иҷро шуда бошад, соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 166,1 ҳазор тонна баробар шуд ё ин ки 49,4% зиёд шудааст ва интиқоли байналмилалии борҳо тавассути нақлиёти автомобилии кишварҳои хориҷӣ 1,12% коҳиш ёфтааст.