• Tajik
  • Русский
  • English

   Имрӯз дар Вазорат бо иштироки намоядаи Агентии назорати  давлатии молиявӣ ва  мубориза бо коррупсия дар ҳузури  муовини Вазири нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон ва кормандони маҷмааи нақлиёт ҷамъомад баргузор гардид.

Дар он барномаи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

   Намояндаи Агентӣ Муқими Нигора ҳозиринро бо баъзе нуқтаҳои барнома шинос намуда, моҳияти онро шарҳ дод. Оид ба масъалаи муҳокимашаванда иштирокдорон фикру дархостҳо пешниҳод намуданд.

  Дар фарҷом муовини вазир оид ба иҷрои нақша-чорабиниҳои Вазорати нақлиёт оид ба амали намудани барномаи мазкур супоришҳои мушаххас дод.