• Tajik
  • Русский
  • English

    Баромади Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Худоёрзода Х.З. бахшида ба ҷашни 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷуҳмҳурии Тоҷикистон.

    Пеш аз ҳама мехоҳам сухани худро бахшида ба таҷлил 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихӣ ва барои миллати шарифамон тақдирсози 16-уми Шўрои Олӣ, ки барои миллату давлати мо нақши сарнавиштсоз дорад, бо суханони хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намоям, ки баҳои беҳтарин ва ҳақиқии ба нақши ин Иҷлосияи таърихӣ мебошад:

      “Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хўҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт.” ва “...дар таърихи давлатдории тоҷикон нақши калидӣ бозида, роҳи ояндаи дурахшони халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.”

       Бо пароканда шудани сохтори муқтадири собиқ Шуравӣ ва заиф гаштани сутунҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муддате вазъи носолим ва низоми дохилӣ ба миён омада, ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид сохт. Дар таърихи миллати тоҷик дар қатори садҳо миллатҳои дар қаламрави давлати абарқудрати Шӯравӣ ин фоҷиа чун саҳифаи фаромўшношуданӣ ва ҳузнангез сабт шудааст.

     Чи тавре, ки медонем, бо ба даст овардани соҳибихтиёрию соҳибистиқлолӣ, ки пас аз пошхӯрии Далати Шӯравӣ ба мо насиб гашт, дар кишвари тозаистиқлоламон равандҳои номатлуби сиёсӣ ва бархӯрдҳои ғайрисолими сиёсӣ, ки пушти ниқобҳои шартии ҳизбу ҳаракатҳо пинҳон гардида, таҳти роҳбарии хоҷагони аҷнабии худ барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ муборизаҳои сиёҳи худро оғоз намуданд, оғоз гардиданд ва ҳама ин кашмакашиҳо ахиран ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ анҷомид.

     Дар натиҷа садҳо ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзили истиқоматӣ маҳрум гашта, қисмате қурбони ин фоҷиаи миллӣ гардиданд.

    Новобаста ба ин, халқи тоҷик ба субҳи умед эътимод дошта, сафедии шабро интизор шуд ва билохира бо барпо гардидани Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хўҷанд гузашт, дари афкори тозаро кушода, роҳи халосӣ аз даҳшатҳои харобиовари ҷанги шаҳрвандӣ ва рӯ овардан ба роҳи сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ ва бинои зиндагонии сазоворро ба мо нишон дод.

     Дар ин иҷлосияи худ, Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии фарзанди сарсупурдаи миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Эмомалӣ Раҳмон чун вакили халқ, ки аз миёни вакилон ҳамчун Раиси Шӯро интихоб гардида буд, бо ростгӯӣ, ҳақиқатҷӯӣ, серталабӣ нисбат ба худ ва дигарон дар ҳамаи иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ нақши муҳим мебозид ва барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баромадани кишварро ба миён гузошт.

    Барои ба эътидол овардани вазъият, истиқрори сулҳу осоиш ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Шӯрои Олии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон муроҷиат кард, ки ба Тоҷикистон қувваҳои муштараки ҳомии сулҳро фиристонанд.

    Дастоварди таърихии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, ин аст, ки ӯ тавонист, дар кӯтоҳтарин муддат оташи ҷанги хонумонсӯзро дар Тоҷикистон хомӯш созад.

     Шӯрои Олии кишварамон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии аҳли ҷомеа як қатор қарору фармонҳо қабул кард. Аз ҷумла, авфи умумӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, халъи силоҳ, таъмини мардум бо хӯрокворӣ, зиёд намудани маош, мустаҳкам намудани муносибатҳои ҷумҳурии мо бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ҳаллу фасли худро дар ҳамон вақт меёфтанд. Ҳукуматҳои маҳаллие, ки дар бисёр ноҳияҳо аз байн рафта буданд, барқарор шуданд.

    Сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонд. Воқеан, донаи умед бо таровату файзу борони раҳмати оштии миллӣ, дар дили хар як сокини кишвар сабзид.

    Бояд қайд намуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ дар тамоми риштаҳои ҳаёти мардуми кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард ва аҳамияти таърихии он низ аз он иборат аст, ки  дар сарнавишти миллат нақши муҳим бозид. Дар натиҷа давлати навтаъсисе ба миён омад, ки фаъолияти худро аз Оштии миллӣ, халъи силоҳ, авф, баргардонидани гурезагон ва таъмини ҳуқуқи инсон ибтидо бахшид.

     Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, марумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Воқеан, ҳам донаи умед дар дили ҳар як сокини кишвар сабзид.

     Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро муайян, дастгоҳи нави давлатиро, ки имрӯз омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рўи кор овард. Тамоми ин дастовардҳои бузурги таърихӣ бо номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди мустақим дошта,  бо сиёсати хирадмандона ва созандаи ин Сарвари дурандешу меҳандӯсти мо тавъам аст.

   Дар ин фазои гуворо ман аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо аҳли пайвандони Шуморо ба муносибати таҷлили ин санаи барои миллати сарбаландамон тақдирсоз табрику таҳният гуфта, ба Шумо сарсабзию сарбаландӣ ва муваффақиятҳои тозаро таманно менамоям.

     Зинда бод, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!