• Tajik
  • Русский
  • English

 Рӯзи 3 – юми майи соли равон дар вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани V-уми Иттифоқи Касабаи Кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Дар кори Анҷуман Вазири нақлиёти ҶТ Худоёрзода Худоёр, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодир Қосим, муовини якуми вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Эминҷон Сангинов, муовини вазири нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои ҶТ Нуринисо Бобоева, сардорон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба иштирок доштанд.