• Tajik
  • Русский
  • English

Маълумоти мухтасар ба ҳолати 01.08.2017

- маблағи умумӣ:  1,0 млн.дол.ИМА, аз ҷумла;

• кӯмаки бебозгашти Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон – 1,0 млн.дол.ИМА

- маблағи азхудшудаи умумилоиҳавӣ: 200,0 ҳазор дол.ИМА (20%)

- паймонкор:  Ширкати эронии муҳандисии Метро

- муҳлати иҷрои корҳо:  оғоз – августи 2011,  анҷом – августи 2012

- шарҳи лоиҳа: интихоби масири муносиби роҳи оҳан, ҷамъоварии тамоми маълумотҳои зарурӣ ва дар заминаи онҳо пас аз таҳлилҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва техникӣ муайян намудани эҳтимолияти сохтмони роҳи оҳани стандартӣ (1435 мм) дар дохили Тоҷикистон.

- семоҳаи 3-и соли 2012 корҳои лоиҳавӣ аз ҷониби ширкат бинобар сабаби аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохт нашудани ҳаққи хизматрасониҳои анҷомдодашуда дар ҳаҷми 285 ҳазор доллари ИМА қатъ гардиданд. Новобаста аз пайгириҳои доимии Вазорати нақлиёт масъала то ба имрӯз ҳалли худро наёфтааст.