• Tajik
  • Русский
  • English

Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ

Нақлиёти рӯизаминӣ қисми таркибии маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои қонеъгардонии  талаботи иқтисодиёт ва аҳолӣ дар самти ҳамлу нақл ва хизматрасониҳои  ба он алоқаманд, таъин шудааст.

Дар баробари ин, ба доираи вазифаҳои нақлиёти автомобилӣ, хизматрасониҳо ба дигар соҳаҳои маҷмааи  нақлиётӣ  (нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ва нақлиёти обӣ) ва таъминоти зайл дохил мегардад:

  • афзалияти бехатарӣ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии одамон, ҳифзи табиат ва арзишҳои фарҳангӣ;
  • баробарҳуқуқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо дар соҳаи  нақлиёти автомобилӣ;
  • ба истифодабаранда таъмин намудани интихоби озоди хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла озодии интихоб миёни истифодаи воситаҳои худии нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои интиқолдиҳанда;
  • ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо, ҳифз ва сари вақт расондани онҳо ба нуқтаи таъиншуда;
  • таъмини нархҳои озоди шартномавӣ барои корҳо ва хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шумораи умумии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2013, 382198 ададро ташкил менамояд. Миқдори воситаҳои нақлиёти автомобилии  дар бозори хизматрасонӣ истифодашаванда 32696 адад буда, аз ин миқдор 13381 адад боркаш, 8713 адад мусофирбар ва 10602 ададро нақлиёти сабукрави таксӣ ташкил медиҳад.

Айни замон бо мақсади хизматрасониҳои нақлиётӣ дар самти ҳамлу нақли бору мусофирон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 196 адад корхонаи нақлиёти автомобилӣ (78 боркашонӣ ва 118 адад мусофирбарӣ) фаъолият менамояд.

Аз ҷумла, дар вилояти Суғд - 54 адад, вилояти Хатлон - 41 адад (аз ҷумла Кӯлоб 10 адад ва Қурғонтеппа 31 адад), ВМКБ - 3 адад, ш. Душанбе-82 (аз ҷумла 24 адад мусофирбар, 22 боркашонӣ ва 36 адад корхонаҳои боркашонии байналмилалӣ) адад ва НТҶ-16 адад.

Дар ҷумҳурӣ айни замон 18 адад терминалҳои боркашонӣ ва 50 адад терминали мусофирбарӣ арзи фаъолият доранд. Дар 837 адад хатсайрҳои мусофирбарӣ 8713 адад воситаҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар ба аҳоли хизмат мерасонад.

Дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ  36 адад ширкатҳои нақлиётии ватанӣ фаъолият менамоянд, ки дар маҷмӯъ 432 адад воситаҳои нақлиёти автомобилии боркаши гуногунтамғаро дар мувозина доранд.  Аз ҷумла:

ҶДММ «Дегертаҷ», ҶДММ «»Нақлиёт», ҶДММ «Анвари К», ҶДММ «Ҳулбукнақлиёт» ҶДММ «Сомон-80», ҶДММ «Саманд», ҶДММ «Ориён авто», ҶДММ «Варзобнақлиёт», ҶДММ «Ҷоми нақлиёт», ҶДММ «Шариф нақлиёт», ҶДММ «Муҳаммад-нақлиёт», ҶДММ «Сомон Сайр» дар тавозунаш 25, ҶДММ «Файзи Моҳ», ҶДММ «Туртранскарго» ЗОО «Содиқ-Тоҷ», ҶДММ «Фируз маркетинг», ҶДММ «Голд тур транс», ҶДММ «Нуриумед», ҶДММ «Суруровар» ва ғ.

Инчунин дар қаламравӣ ҷумҳурӣ 10 гузаргоҳи наздисарҳади бо мақсади  рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ бунёд гардидааст.

Аз ҷула, дар НТҶ:

  1. Дӯстӣ (н.Турсунзода)- Сариосиё (Узбекистон)
  2. Қарамиқ (н. Ҷиргатол)- Қарамиқ (Қирғизистон)

Дар ВМКБ:

  1. Қизил-Арт (н.Мурғоб)- Саритош ( Қирғизистон)
  2. Кулма (н.Мурғоб) – Қаросу (ҶХ Хитой)

Дар вилояти Хатлон:

  1. Панҷи –Поён  (н.Қумсангир)- Шерхонбандар (Афғонистон)

Дар вилояти Суғд:

  1. Гулистон  (н. Исфара)-Баткент (Қирғизистон)
  2. Овчи Қалъача (н.Б.Ғафуров)- Лайлак (Қирғизистон
  3. Фотеҳобод (н. Мастчоҳ)- Ойбек (Узбекистон)
  4. Патар (н. Конибодом)- Андархон (Узбекистон)
  5. Маданият (н.Ҷ. Расулов)- Қарагач (Қирғизистон)