• Tajik
  • Русский
  • English

МАМЛАКАТ: Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЛОИҲА: Марҳилаи дуюми Лоиҳаи рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ (РАОМ-2)

Мавқеъ: Хизматрасонии машваратӣ оид ба асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, лоиҳаҳои муфассали техникӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва олотҳои экологӣ ва иҷтимоӣ тибқи талаботи меъёрҳои экологӣ ва иҷтимоӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ  барои барқарорсозӣ/сохтмони қитъаҳои интихобшудаи роҳҳо / иншоот дар вилояти Суғд, ВМКБ ва вилояти Хатлон.

№ барои истинод (мувофиқи Нақшаи харид): CARs/CS-FBS-01

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР) барои пӯшонидани хароҷоти аз руи Марҳилаи дуюми Лоиҳаи рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ - Вилояти Суғд (РАОМ-2)   қарз/грант гирифтааст ва мехоҳад як қисми маблағро барои хизматрасонии машваратӣ оид ба асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, лоиҳаҳои муфассали техникӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва олотҳои экологӣ ва иҷтимоӣ тибқи талаботи меъёрҳои экологӣ ва иҷтимоӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ  сарф намояд.    

Ҳадафи хизматрасониҳои машваратӣ таҳқиқ ва муайян кардани имконпазирии асосноккунии техникӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоии якчанд қитъаҳо ва иншооти барқароршаванда/сохташаванда, ки дар доираи Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд - марҳилаи пешниҳодшудаи чоруми Лоиҳаи рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ (РАОМ-4) маблағгузорӣ мешаванд, ки ҳадаф аз ин густариши роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон, инчунин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва беҳтар намудани имкониятҳои савдо ва сайёҳӣ мебошад.   

Аз ҷумла, хизматрасониҳои машваратӣ (хизматрасониҳо) таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, лоиҳаҳои муфассали техникӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва олотҳои экологӣ ва иҷтимоиро тибқи талаботи меъёрҳои экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ ва қонунгузории маҳаллӣ дар қисматҳои роҳҳои автомобилии зерин дар бар мегиранд:

(а) дар Вилояти Суғд: таҷдиди 12,2км роҳи автомобилгарди Спитамен/Бекобад-Деҳмой ва таҷдиди  35,9км роҳи автомобилгарди Деҳмой-Ғафуров;

(б) дар ВМКБ: сохтмони пули нав дар шаҳри Хоруғ, бо дарозии 300м ва сохтмони нақб/долонҳои зиддитармавӣ ва пул дар ҳудуди деҳаи Барсем.   

Ғайр аз он, Хизматрасониҳо таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, лоиҳаҳои муфассали техникӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои тендериро, ки ба талаботҳои озмунҳои байналмилалӣ мувофиқанд ва воситаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ мутобиқи талаботи стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ ва қонунгузории маҳаллӣ барои қитъаи роҳи автомобилгарди иловагӣ дар вилояти Хатлон (барқарорсозии 35км роҳи автомобилгарди Гулистон-Кӯлоб), дар бар мегиранд, ки маблағгузории онҳо дар марҳилаи ояндаи лоиҳа дар назар аст).

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои машваратии салоҳиятдорро (Мушовир) -ро барои изҳори ҳавасмандӣ ба хизматрасонӣ даъват менамояд. Машваратчиёни ҳавасманд бояд маълумоте пешниҳод кунанд, ки тахассуси кифоягӣ ва таҷрибаи дахлдори онҳоро барои хизматрасонӣ нишон диҳад.

Рӯйхати мухтасари меъёрҳо:

(i)  таҷрибаи умумии Мушовир (ширкат) беш аз 10 сол дар гузаронидани асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, лоиҳаҳои муфассали техникӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои воситаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои экологӣ ва иҷтимоӣ дар лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузорӣ мешаванд;

(ii) Таҷрибаи қаблан ба ин монанд дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Осиёи Марказӣ ё Ҷумҳурии Тоҷикистон;

(iii) Таҷрибаи кории исботшуда дар истифодаи меъёрҳо ва амалияи умумиҷаҳонии эътирофшуда, инчунин технологияҳои муосир ҳангоми супоришҳои қаблӣ бо ин монанд ба ҳаҷм ва табиати шабеҳ.

Санаи ба нақша гирифташудаи хизматрасонӣ моҳи ноябри соли 2019 ва мӯҳлати тахминии кор 8 моҳ мебошад.

Диққати мушовирони ҳавасманд бояд ба бандҳои 1.9 ва 1.11 Дастурамали Бонки Ҷаҳонӣ оид ба интихоб ва ба кор қабул намудани мушовирон аз ҳисоби қарз ва гранти Асотсиатсияи Байналмилаллии Рушд аз ҷониби Қарзгирандаи Бонки Ҷаҳонӣ, ки моҳи январи соли 2011 интишор ёфта, моҳи июли соли 2014 илова карда шудааст (Дастури мушовирон), ки сиёсати Бонкро дар бораи ихтилофи манфиатҳо ва салоҳият ифода мекунад. 

Мушовирон метавонанд дархост оид ба изҳори ҳавасмандии худро ҳамчун як ширкати алоҳида ё ассотсиатсия дар шакли корхонаи муштарак ё зер-машваратчӣ (субконсультант) пешниҳод кунанд. Ҳамаи аъзоёни корхонаи муштарак бояд барои тамоми супориш масъулияти муштарак дошта бошанд. Аммо, ҳангоми омода намудани рӯйхати кӯтоҳ таҷрибаи зер-машваратчиён ба ҳисоб гирифта намешавад.  

Мушовир тибқи усулҳои буҷаи муқаррар интихоб карда мешавад, ки дар Дастури мушовирон, моҳи январи соли 2011 интишор ёфта, моҳи июли соли 2014 илова карда шуда, баён ёфтааст. Аз мушовироне, ки дар рӯйхати кӯтоҳ дохил шудаанд дархост мешавад, ки пешниҳоди техникӣ ва молиявии худро пешкаш намоянд ва барои онҳо ДПП (RFP) интишор дода мешавад.

Маълумоти иловагиро метавонед аз суроғаи зерин дар вақти соатҳои корӣ аз 09:00 то 17:00 дастрас кунед.

Изҳори ҳавасмандӣ бояд ба таври хаттӣ ба суроғаи мазкур тавассути почта, факс ё почтаи электронӣ то санаи 4 сентябри соли 2019 пешниҳод карда шавад.

Гурӯҳи татбиқи лоиҳа

Вазорати нақлиёт Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға:

Ошёна/утоқ:

Шаҳр:

Рамзи индекси:

Мамлакат:

Телефон:

Факс:

суроғаи E-иейл:                              

 

к. Айни 14

 3 ошёна, 310 утоқ

Душанбе

734042                                            

Ҷумҳурии Тоҷикистон             

+992 37 222 22 21

+992 37 222 22 21                          

mtrt-invest.dep@mail.ru