• Tajik
  • Русский
  • English

НИЗОМНОМАИ

Раёсати авиатсияи граждании
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Муқаррароти умумӣ
1) Раёсати авиатсияи гражданӣ зерсохтори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2) Раёсати авиатсияи гражданӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Сарраёсатҳо, Раёсатҳо, дастгоҳи марказии вазорат, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар мақомоти дахлдори вазорат дар асоси Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасонад.
3) Раёсати авиатсияи гражданӣ дар фаъолияти худ: санадҳои меъёрию-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва супоришҳои Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
II. Ваколатҳо
4) Раёсати авиатсияи гражданӣ дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- татбиқи сиёсати давлатии ҳавопаймоӣ, ки ба қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисод ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва дигар навъҳои хизматрасонӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои бехатарии парвозҳо;
- баамалбарории сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ оид ба ташкили гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, илмию техникӣ ва лоиҳавӣ оиди самтҳои бештари рушд ва вазифаронии он;
- таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани нақшаҳои рушди авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи онҳо дар заминаи барномаҳои мақсадноки давлатӣ, миллӣ, байналмилалӣ ва соҳавӣ;
- ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи сиёсати ҳавопаймоӣ дар фаъолияти байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷӣ, инчунин мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
- ташкили истифодаи қисми фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои хатҳои ҳавоӣ, хатҳои ҳавоии маҳаллӣ, минтақаҳои корҳои ҳавоӣ, аэродромҳо ва фурудгоҳҳои гражданӣ муайян гардидааст;
- таҳия ва ҷорӣ намудани меъёрҳои ягонаи корҳои ҳавопаймоӣ ва ҳамлу нақли ҳавоӣ, стандартҳои коршоямии парвозии ҳавопаймоҳо, низом ва воситаҳои таъмини парвозҳо ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;
- таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои истифодабарии техникӣ ва парвозии ҳавопаймоҳои гражданӣ, талаботи тахассусӣ нисбати ҳайати ҳавопаймоӣ;
- ҳамкорӣ бо дигар зерсохторҳои вазорат, дигар мақомоти идораи давлатӣ, инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак ҳангоми татбиқи сиёсати давлатӣ ва таъмини ҳаракати озоди мусофирон ва борҳо тавассути нақлиёти ҳавоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он;
- мусоидат дар анҷом додани дигаргуниҳои институтсионалӣ ва сохторӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
- татбиқи сиёсати Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти сармоягузорӣ, тарифӣ, илмию техникӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
- таҳлили маҷмўи фаъолият ва дурнамои рушди авиатсияи гражданӣ, таҳияи тавсияҳо ва андешидани тадбирҳо оид ба таъмини фаъолият ва рушди устувори он;
- муқаррар намудани меъёрҳои таъмини бехатарии парвозҳо ва ҳифзи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, стандартҳои усулҳои пешқадами идоракунӣ, бехатарии авиатсионӣ;
- мусоидат ба баланд бардоштани самаранокии кор ва рақобатпазирии корхонаҳои авиатсияи гражданӣ дар бозори байналмилалӣ ва дохилии хизматрасониҳои нақлиётӣ;
- мониторинг ва таҳлили тарифҳо ва боҷҳое, ки муассисаҳои ҳавопаймоӣ меситонанд;
- таҳияи созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ мутобиқи дастурамали муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва таъмини иҷрои ўҳдадориҳое, ки созишномаҳои байниҳукуматӣ ва шартномаҳо оид ба масъалаҳои алоқаи ҳавоӣ, инчунин дигар шартномаҳои байналмилалии марбут ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ бармеоянд;
- баамалбарории мониторинги қонунгузории амалкунанда дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- баамалбарории фаъолияти сертификатсиякунонӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
а) назорат аз болои ташкили баамалбарории фаъолият оид ба фурӯш ва бронкунии ҳамлу нақл дар нақлиёти ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) мутахассисони авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- таъмини истифодаи ҳавопаймоии шаҳрвандӣ, инчунин татбиқи барномаҳои махсус дар ҳолатҳои фавқулодда;
- намояндагӣ намудани Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар Созмони байналмилалии ҳавопаймоии шаҳрвандӣ (ИКАО), Кумитаи байнидавлатии ҳавопаймоӣ (МАК) ва дигар созмонҳои авиатсияи гражданӣ.
5) Раёсати авиатсияи гражданӣ мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш вогузоршуда ваколатҳои зеринро анҷом медиҳад:
- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки тартиби фаъолияти авиатсияи гражданиро муайян мекунанд, таҳия менамояд ва онҳоро мувофиқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ иҷрои санадҳои меъёрии ҳукуқӣ, аз ҷумла санадҳоро оид ба таъмини бехатарии парвозҳо назорат менамояд, амалияи истифодаи онҳоро дар авиатсияи гражданӣ таҳлил мекунад, назорати фаъолияти истифодабарандагони ҳавопаймоҳо, истифодабарандагони фазои ҳавоӣ ва дигар муассисаҳои дар соҳаи авиатсияи гражданӣ фаъолияткунадаро анҷом медиҳад;
- дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии миллӣ ва консепсияҳои рушди авиатсияи гражданӣ, дар ташаккул ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ ва байнисоҳавӣ иштирок мекунад;
- дар такмили низоми идоракунӣ ва механизмҳои иқтисодии танзими кори муассисаҳои ҳавопаймоӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ ширкат менамояд;
- ба равандҳои саҳомикунонӣ ва хусусигардонии муассисаҳои ҳавопаймоӣ, ташаккули бозори коғазҳои қиматнок, мусоидат менамояд;
- ҷиҳати ворид намудани чорабиниҳои зиддимонополӣ дар авиатсияи гражданӣ ва рушди рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои ҳавопаймоӣ тадбирҳо меандешад;
- дар ташаккули сиёсати тарифӣ дар авиатсияи гражданӣ, таҳияи асосҳои методӣ барои ташаккули тарифҳои хизматрасониҳои ҳавопаймоӣ ширкат менамояд, доир ба муқаррар намудани ҳаҷмҳои субсидияҳои буҷетӣ барои хизматрасониҳо ва корҳои ҳавопаймоӣ пешниҳодҳо ворид менамояд;
- эҳтиёҷот ба захираҳои молиявӣ, моддӣ ва меҳнатиро барои татбиқи барномаҳои мақсадноки байнидавлатии рушди авиатсияи гражданӣ, таъмини фаъолияти устувор ва бехатари соҳа, иҷрои фармоиши давлатии мудофиавӣ ва дигар эҳтиёҷоти давлатӣ асоснок менамояд;
- дар танзими давлатии раванди сармоягузорӣ дар авиатсияи гражданӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоягузориҳо, аз ҷумла хориҷӣ ширкат менамояд;
- сиёсати самтҳои асосии сармоягузориҳоро дар асоси масъалаҳои рушди соҳа, лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бо пешниҳодҳои сарчашмаи сармоягузориҳо таҳия менамояд;
- экспертизаи барномаҳо ва лоиҳаҳои рушди нақлиёти ҳавоиро ташкил мекунад, инчунин дар ташкил ва доир намудани экспертизаи барномаҳо ва лоиҳаҳои байнисоҳавӣ ширкат менамояд;
- ворид намудани пешниҳодҳо оид ба акредитатсияи намояндаҳои ташкилотҳои хориҷӣ, ба вуҷуд омадани фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тибқи тартиби муқарраргардида қоидаҳо, низомномаҳо, меъёрҳои техникӣ, стандартҳои соҳавиро оид ба масъалаҳои интиқоли мусофирон, бағоҷ, борҳо, почта, иҷрои корҳои ҳавопаймоӣ, истифодаи фазои ҳавоӣ ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (аз ҷумла метеорологӣ), истифодаи техникӣ ва таъмири техникаи ҳавопаймоӣ, инчунин талаботи техникӣ ба воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва маводро таҳия ва интишор менамояд, инчунин дар доираи салоҳияти худ назорати риояи ин талаботро анҷом медиҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида таъсиси хатҳои нави ҳавоиро ташкил менамояд ва дар ҳамоҳангсозии ташаккули ҷадвали парвозҳои ҳавопаймоҳо дар хатҳои мунтазами дохилӣ ва байналмилалӣ ширкат менамояд;
- Қоидаҳои сертификатсия ва аттестатсияро таҳия намуда, барои тасдиқ пешниҳод менамояд;
- додани сертификати намунааш муқарраргардидаро ба амал мебарорад:
а) ширкатҳо ва корхонаҳои соҳибкорие, ки бо фурӯши ҳамлу нақли ҳавоӣ машғуланд;
б) аттестатсияи ҳайати ҳавопаймоӣ ва кормандони роҳбарикунандаи истифодабарандагони ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданӣ;
в) таҳияи талаботи сертификатсиониро ба ҳолати саломатии мутахассисони ҳавопаймоӣ ташкил менамояд;
- бозори хизматрасонии нақлиётиро дар нақлиёти ҳавоӣ ташаккул медиҳад ва интиқолдиҳандагони ҳавопаймоиро тибқи самтҳо танзим ва таъин менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ иҷрои ўҳдадориҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистонро марбут ба масъалаҳои фаъолияти авиатсияи гражданӣ ташкил ва ҳамоҳанг месозад ва тибқи тартиби муқарраргардида манфиатҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар созмонҳои байналмилалӣ намояндагӣ менамояд;
- дар ҳамкорӣ бо Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт назорати кори профилактикии мутахассисони ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданиро оид ба таъмини бехатарии парвозҳо ва ташкили ҳаракати ҳавоӣ дар мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ташкил менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ назорат ва мониторинги иҷрои талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи ташкили кори бехатарии парвозҳо ва таъмини бехатарии авиатсиониро дар авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;
- якҷоя бо дигар идораҳои давлатӣ дар гузаронидани чорабиниҳо оид ба танзими ҳолатҳои бўҳронии вобаста ба забт ё рабудани ҳавопаймо ё амалҳои террористӣ ба вайрон кардани шартҳои бехатарии авиатсионӣ равонагардида, ширкат менамояд;
- дар ташкил ва таъмини корҳои ҷустуҷўӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор иштирок менамояд;
- таҳқиқоти ҳодисаҳои авиатсионӣ бо ҳавопаймоҳои ба Феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, инчунин ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷиро дар ҳолатҳои шабеҳ, агар ҳодиса дар доираи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рух дода бошад, анҷом медиҳад;
- дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдори идораи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳоро оид ба баланд бардоштани бехатарии парвозҳо ва паст намудани таъсири манфии парки авиатсионӣ ба муҳити зист андешида, дар доираи салоҳияти худ санҷиши ҳолати техникии ҳавопаймоҳоро ташкил менамояд;
- дар ташкил намудан ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва барҳам додани ҳолатҳои фавқулодда иштирок менамояд;
- дар таъмини расонидани мутахассисон, воситаҳои техникӣ ва захираҳои моддие, ки барои барҳам додани ҳолатҳои фавқулодда ва баамалбарории чорабиниҳои эвакуатсионӣ заруранд, иштирок менамояд;
- хатҳои ҳавоӣ, хатсайрҳои ҳавоии дохилӣ ва самтҳои ростшавии онҳо, минтақаҳо ва ноҳияҳои идораи ҳаракати ҳавоӣ, минтақаҳои манъ ва минтақаҳои маҳдудкунии истифодаи фазои ҳавоӣ, самтҳои доимии парвозҳои берун аз хатсайр, қоидаҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (тартиби банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ ва хизматрасонии бевоситаи ҳаракати ҳавоӣ)-ро таҳия менамояд;
- тартиби фурудгоҳҳо ва аэродромҳое, ки барои парвозҳои байналмилалӣ кушода шудаанд, муқаррар менамояд;
- якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хизматрасонии ҳамлу нақли ҳавоӣ алоқамандӣ доранд, ҳуҷҷатҳои танзими фаъолият ҳангоми барасмиятдарории мусофирон, бағоҷ ва борҳоро таҳия менамояд;
6) Раёсати авиатсияи гражданӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- барои истифодаи қисми фазои ҳавоии ба авиатсияи гражданӣ ҷудогардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои тамоми навъҳои фаъолият дар авиатсияи гражданӣ, ки ба бехатарии парвозҳо таҳдид мекунанд, иҷозат диҳад (манъ кунад);
- барои сохтмони (навсозии) иншоотҳо, ки истифода ё баландии онҳо бо истифодаи фазои ҳавоӣ вобаста аст ё ба бехатарии парвозҳо таҳдид мекунанд, розигӣ диҳад;
- фаъолияти сертификатсиякунонӣ ва назорати субъектҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқи ваколати муқарраргардида ба амал мебарорад;
- шаклҳои ҳуҷҷатҳои сертификатсиониро, ки тибқи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ таҳия гардидаанд, таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод менамояд;
- фаъолияти ташкилотҳои хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳои гражданиро тасдиқ ва назорат намояд, иттилоот оид ба нигоҳдории ҳолати қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданиро назорат кунад, доир ба дастгирӣ намудани ҳолати қобили парвоз будан дастур интишор намояд;
- иштирок дар ҳамоҳангсозӣ бо мақомоти давлатии ваколатдории дигар давлатҳо ва тасдиқи ҳисса дар баамалбарории ҳамлу нақли байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ ва шароити иҷроиши онҳо;
- пешниҳодҳоро оид ба таъин ва хориҷ намудани ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба ҳайси иштирокчии ҳамлу нақли бозори ҳавоӣ ҷиҳати иҷроиши шартҳои созишномаи байниҳукуматӣ муқарраргардида ворид намуда, тибқи тартиби муқаррарардида барои иҷрои парвозҳои мунтазам ва чартерӣ иҷозат диҳад;
- ҳолати қобили кор будани ҳайати ҳавопаймоиро тибқи талаботи тахассусии дар авиатсияи гражданӣ амалкунанда арзёбӣ намояд, инчунин шаҳодатномаҳои ҳайати ҳавопаймоиро, ки дигар давлатҳо додаанд, баррасӣ ва эътироф намояд;
- санҷиши (мониторинги) фаъолияти истифодабарандагони ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданиро мутобиқи шартҳои бехатарии парвозҳои ҳавопаймоҳо, инчунин бехатарии авиатсионӣ ба роҳ монад;
- тибқи тартиби муқарраргардида санҷишҳои фаъолияти истифодабарандагони ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданиро ҷиҳати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, талаботи техникии бехатарӣ ва меъёрҳои экологӣ таъин ва ташкил намояд, ҷиҳати рафъи камбудиҳои ошкоргардида тадбирҳо андешад;
- санадҳои меъёрии иҷрояшон барои ҳама иштироккунандагони ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмибударо таҳия намуда, барои тасдиқ ба Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- санадҳои меъёрии роҳбарони муассисаҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба меъёрҳои қонунгузории амалкунанда дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мутобиқ нестанд ва ба бехатарии парвозҳо таъсир мерасонанд, бекор кунад ё дар хусуси бекор кардани онҳо ба мақомоти салоҳиятдор муроҷиат намояд;
- аз муассисаҳои хавопаймоӣ ва ташкилотҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар истифодабарандагони фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Сарраёсати авиатсияи гражданӣ гузошташударо гирад;
- доир ба саҳомикунонӣ ва хусусигардонии муассисаҳо ва иншоотҳои авиатсияи гражданӣ, ки моликияти давлатӣ мебошанд, пешниҳодҳо ирсол намояд;
- конференсияҳо, машваратҳо ва семинарҳо гузаронад, доир ба мушкилиҳои такмилдиҳӣ ва рушди авиатсияи гражданӣ намоишгоҳҳо ташкил диҳад;
- ва дорои дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, мебошад.
III. Ташкили фаъолияти Раёсати авиатсияи гражданӣ
7) Раёсати авиатсияи гражданиро Сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Сардор роҳбарии фаъолияти соҳаи ба ў гузошташударо идора менамояд ва барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Раёсати авиатсияи гражданӣ гузошташуда масъулият дорад.
8. Сардори Раёсати авиатсияи гражданӣ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- амалсозии роҳбарии умумии фаъолияти Раёсати авиатсияи гражданӣ ва ташкили кори он;
- тибқи тартиби муқарраргардида Низомномаҳои раёсат ва шӯъбаҳои Раёсати авиатсияи гражданиро мувофиқа менамояд;
- дастурамали вазифавии мутахассисони Раёсати авиатсияи гражданиро мувофиқа менамояд;
- ўҳдадориҳо, доираи ваколатҳоро муайян менамояд ва дараҷаи масъулияти роҳбарони шўъбаҳои Раёсати авиатсияи гражданиро муқаррар менамояд;
- ба дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррагардида кормандонеро, ки фаъолияти хуб доранд, ба мукофотонидани унвонҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- ваколатҳои дигарро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
9) Дар Раёсати авиатсияи гражданӣ Комиссияи олии тахассусӣ (КОТ) мутобиқи низомномаи аз тарафи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ташкил карда мешавад.
10) Сохтор, шумора ва ҷадвали штатии Раёсати авиатсияи гражданӣ аз тарафи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
11) Мутахассисони Раёсати авиатсияи гражданӣ дорои шаҳодатномаи махсусе, ки аз тарафи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шудааст, мебошанд.
12) Мутахассисони Раёсати авиатсияи гражданӣ ҳуқуқ доранд, ки дорои либоси расмии махсус бошанд, ки намуна, тартиб ва мӯҳлати истифодабарии он аз тарафи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи «Низомнома дар бораи пӯшидани либоси расмии кормандони Раёсати авиатсияи гражданӣ», тасдиқ гардидааст;
13) Ба мутахассисони Раёсати авиатсияи гражданӣ ҳамаи имтиёзҳои дар авиатсияи гражданӣ амалкунанда таалуқ дорад.
14) Кормандони Раёсати авиатсияи гражданӣ ӯҳдадоранд, ки барои самаранокии иҷроиши вазифаҳои худ, сатҳи дониши худро такмил диҳанд.
Дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони Раёсати авиатсияи гражданӣ дар ташкилотҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи бастани шартномаи меҳнатӣ ва пардохт барои корҳои баанҷомрасонида анҷом дода мешавад.
15) Барои таъмини иҷроиши ӯҳдадориҳои хидматӣ оид ба таъмини назорат барои бехатарии парвозҳои истифодабарандагони ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданӣ, тартиби истифодаи фазои ҳавоӣ, фурудгоҳҳо ва хадамотҳое, ки парвозҳои ҳавопаймоҳоро таъмин менамояд, иҷроиши талаботҳои қоидаҳои парвоз ва дигар санадҳои меъёрие, ки корҳои парвозӣ ва фаъолияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсия медиҳанд, мутахассисони Раёсати авиатсияи гражданӣ дар дохили ҳавопаймо новобаста аз будани нозири тафтишкунандаи ширкатҳо ва корхонаҳои авиатсионӣ тибқи тартиби муқарраргардида дар супориш барои парвоз навишта мешаванд.

 

Сохтори

Раёсати авиатсияи граждании 
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Сардори Раёсати авиатсияи гражданӣ
  2. Муовини сардори Раёсати авиатсияи гражданӣ

Шӯъбаи истифодабарии техникӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ

  1. Сардори Шӯъба
  2. Сармутахассиси Шӯъба
  3. Сармутахассиси Шӯъба
  4. Мутахассиси пешбари Шӯъба
  5. Мутахассиси Шӯъба
  6. Мутахассиси Шӯъба

Шӯъбаи фурудгоҳҳо ва бехатарии авиатсионӣ

  1. Сардори шӯъба
  2. Сармутахассиси шӯъба
  3. Мутахассиси пешбари шӯъба
  4. Мутахассиси пешбари шӯъба
  5. Мутахассиси шӯъба
  6. Мутахассиси шӯъба