• Tajik
  • Русский
  • English

Маълумоти мухтасар ба ҳолати 01.11.2016с.

- маблағи умумии лоиҳа – 8,6 млн.дол.ИМА;

• қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) – 3,9 млн.дол.ИМА

• саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 4,7 млн.дол.ИМА

- машваратчӣ: Ширкати Луис Бергер (Фаронса)

- паймонкор: Ширкати Луис Бергер (Фаронса)

- мӯҳлати иҷрои корҳо: оғоз - майи 2013, анҷом - апрели 2017

- шарҳи лоиҳа: таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии аэродроми фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

- маблағи азхудшудаи умумилоиҳавӣ – 5,3 млн.дол.ИМА (62%)

- шумораи кормандон – 93 нафар: маҳаллӣ – 82н. (88%), хориҷӣ - 11н. (12%)

- шумораи техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ – 11 адад

- 22.04.2013с. – баимзорасонии Созишномаи қарзӣ байни ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ва БАТР

- 30.04.2013с. – баимзорасонии Созишномаи мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БАТР вобаста ба дастгирии лоиҳаи “Қарз ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”

- 16.05.2016с. дар ҳузури мутахассисони вазорат, намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Агентии ҷопонии ҳамкориҳои байналмилалӣ JICA муаррифии лоиҳаи Нақшаи генералии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд гузаронида шуд.

- санаи 20.05.2016с. шартнома байни ширкати “Радар-ГА” (ғолиби тендер) ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” оид ба харидорӣ ва васл намудани таҷҳизотҳои равшанидиҳии баландшиддат ва маяки радиотехникии DME/N барои мувофиқат кардан ба категорияи 1-и ИКАО.

- корҳои сохтмонӣ оид ба таҷдиди хатти парвозу фуруд ва васеъ намудани перрони аэродром идома дода мешавад.