• Tajik
  • Русский
  • English

Раёсати авиатсияи гражданӣ сохтори

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

   Раёсати авиатсияи гражданӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Раёсатҳои дастгоҳи марказии вазорат, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, корхонаҳои авиатсионӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар мақомоти дахлдори вазорат дар асоси Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасонад.

Раёсати авиатсияи гражданӣ дар фаъолияти худ санадҳои меъёрию-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва супоришҳои Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро роҳбарӣ менамояд.

Раёсати авиатсияи гражданӣ дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

- татбиқи сиёсати давлатии ҳавопаймоӣ, ки ба қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисод ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва дигар навъҳои хизматрасонӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои бехатарии парвозҳо;

- баамалбарории сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ оид ба ташкили гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, илмию техникӣ ва лоиҳавӣ оиди самтҳои бештари рушд ва вазифаронии он;

- таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани нақшаҳои рушди авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи онҳо дар заминаи барномаҳои мақсадноки давлатӣ, миллӣ, байналмилалӣ ва соҳавӣ;

- ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи сиёсати ҳавопаймоӣ дар фаъолияти байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷӣ, инчунин мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;

- ташкили истифодаи қисми фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои хатҳои ҳавоӣ, хатҳои ҳавоии маҳаллӣ, минтақаҳои корҳои ҳавоӣ, аэродромҳо ва фурудгоҳҳои гражданӣ муайян гардидааст;

- таҳия ва ҷорӣ намудани меъёрҳои ягонаи корҳои ҳавопаймоӣ ва ҳамлу нақли ҳавоӣ, стандартҳои коршоямии парвозии ҳавопаймоҳо, низом ва воситаҳои таъмини парвозҳо ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;

Мониторинги корхонаҳои авиатсионӣ.

   Парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ («Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр») ба 32 самти 9 кишварҳои хориҷӣ дуру наздик (Хитой, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Германия ва Ҳиндустон) дар асоси ҷадвали парвозҳои мавсими тирамоҳу зимистон ва баҳору тобистон иҷро гардида истодаанд.

Парки умумии тайёраҳо ва чархболҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва «Хатлон Эйр»)  71 адад буда, аз ин миқдор коршоям 10 адад, корношоям 5 адад, дар нигоҳдорӣ 31 адад, аз ин миқдор 13 адад истеҳсоли ғарбӣ мебошад. 

Дар доираи ҳамкориҳои судманд Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 24 кишварҳои хориҷи дуру наздик Созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонидааст, ки аз онҳо 7 кишвари (Россия, Белорус, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон), 5 кишвари Аврупо (Люксембург, Германия, Австрия, Чехия ва Латвия) ва 12 кишвари Осиё (Туркия, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Хитой, Покистон, Таиланд, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Қувейт ва Корея) мебошанд.

Дар айни замон лоиҳаҳои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Финляндия, Фаронса, Ӯзбекистон, Арманистон, Малайзия, Шоҳингарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар сатҳи баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

Дар доираи татбиқи сохтмони Манораи назоратӣ-диспетчерӣ аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Фаронса ҷаласаи муштарак бо иштироки ҷонибҳои баланди кории Фаронсаву Тоҷикистон дар шахси намояндагӣ аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Фаронса, Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон, Вазоратҳои нақлиёт, рушди иқтисод ва савдо, молия, вазорати корҳои хориҷӣ, Агентии меъморӣ, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Ҳукумати ш. Душанбе ва дигар сохторҳои марбут баргузор гардид.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарори №129 аз 28 феврали соли 2015 тасдиқ гардида, тибқи тартиби муқарраргардида Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби Фаронса маҳал ва санаи ба имзо расонидани лоиҳаи мазкурро мувофиқа намуда, созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса, Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13 июли соли 2015 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мазкур ратифиатсия гардид.

Тибқи иттилои Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози корҳои сохтмонӣ дар семоҳаи 4 соли 2017 ба нақша гирифта шудааст.

Таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ва то ба дараҷаи меъёру талаботи байналмилалӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонии фурудгоҳӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва сармояи хориҷӣ корҳо амалӣ гардида истодаанд.

  Оид ба маблағгузории лоиҳаи «Беҳтарсозии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе – сохтмони терминали боркашонӣ»

Мутобиқи шартномаи ҳамкории байни ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» ва Консорсиуми ширкатҳои японии «Ниппон Кое» - Консултант аз 03 ноябри соли 2014 то имрўз роҳбарияти фурўдгоҳи Душанбе ба Консорсиуми ширкатҳои японии «Ниппон Кое» - Консултант дар ҳаҷми 101,364,000 йени ҷопонӣ, баробар ба 919,401 доллари ИМА, ҳаққи хизматрасониҳои машваратиро пардохт кард. Маблағи умумии хизматрасониҳои Консорсиуми ширкатҳои японии «Ниппон Кое» - Консултант 164,297,000 йени ҷопониро ташкил медиҳад.

Қайд кардан зарур аст, ки маблағи умумии Қарордоди миёни ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ADDӮD VALҒӮ CORPORATION аз 02 декабри соли 2015 - 578,880,000 йенро ташкил медиҳад. Маблағи мазкур аз ибтидои амали шартнома то имрӯз аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ «JICA» ба суратҳисоби ширкати Адад Валю Корпорейшн барои хариди системаҳои фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаҳои ILS ва PALS) ва таҷҳизоти  коркарди борҳо барои терминали боркашонӣ 578,880,000 йен ё 5,088,608 доллари ИМА гузаронид шудааст.

Дар асоси Қарордоди мазкур таҷҳизотҳои системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаҳои ILS ва PALS) ва коркарди борҳои терминали боркашонӣ ба андозаи 100% аз Норвегия, Белгия, Олмон ва Ҷопон ба Тоҷикистон ворид карда шуданд. Айни замон системаҳои мазкур дар фурудгоҳи Душанбе насб ва аз санҷиш гузаронида, ба кор дароварда шуданд.

Гуфтан лозим аст, ки ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» якҷоя бо Агентии Ҷопон «JICA» қарор карданд, ки сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе ба ду қисм ҷудо карда шавад. Қисми якум – сохтмони терминали боркашонӣ ва қисми дуюм – барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи терминали боркашонӣ.

Маблағи умумии Қарордоди миёни ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ДАИ Ниппон Констракшин барои сохтмони терминали боркашонӣ 1 млрд. 120 млн. йенро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки  сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе аз 20 феврали  соли ҷорӣ оғоз гардид. Айни замон дар асоси қарордоди мазкур корҳо тибқи ҷадвали тасдиқшуда амалӣ мешаванд.

Консорсиуми ширкатҳои ҷопонии «Ниппон Кое» - Консултант баҳри муайян намудани арзиши сохтмони қисми дуюми терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе тадқиқот гузаронид. Дар асоси ин тадқиқот созишномаи нави грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон «JICA» таҳия гардида, барои имзо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

31 майи соли ҷорӣ созишномаи нави грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон «JICA» ба имзо расид. Дар асоси созишномаи мазкур Ҳукумати Ҷопон 356,0 млн. йен барои анҷом додани сохтмони қисми дуюми терминали боркашонӣ ҷудо кард.

Дар семоҳаи сеюми соли 2017 тендери байналхалқӣ эълон карда мешавад ва сохтмони қисми дуюми терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе (барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи терминали боркашонӣ) баъди гузаронидани тендери байналхалқӣ ва муайян гардидани пудрачии асосии лоиҳа дар моҳи сентябри соли 2017 оғоз мегардад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо иштироки намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  корпуси дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналлхалқи “JICA” санаи 31 марти соли 2017 санги аввал оид ба сохтмони терминали боркашонӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” гузошта шуд.

Инчунин бо ҷалби сармояи хориҷӣ қарзҳо вобаста ба қарзҳои дарозмӯҳлати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои азнавсозии таҷҳизоти навигатсионӣ, ва муҷаҳҳазгардонии техникии аэродроми фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд корҳои созандагӣ идома доранд.

Бо ҷалби сармояи хориҷӣ қарзҳо вобаста ба қарзҳои дарозмӯҳлати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои азнавсозии таҷҳизоти навигатсионӣ, ва муҷаҳҳазгардонии техникии аэродроми фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд корҳои созандагӣ идома доранд.  

Инчунин, дар фурудгоҳ корҳои таъмири иншоотҳои толори вакилони расмӣ, ва асфалпушт намудани роҳи протоколӣ, перрон, васл намудани канораҳои роҳи автомобилгард, идома доранд. Вобаста ба ин, мутобиқ кардани фурудгоҳ ва беҳтар кардани маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон корҳои сохтмонӣ ва васлкунии иншооти азнавсозии бинои аэровакзал бо ҳамкории пудратчиён идома дорад.

Дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” аз ҳисоби маблағҳои худӣ сохтмони новаҳои обгузари ЛК-2 ба дарозии 520-метр ба маблағи 132 ҳазор сомонӣ, васли дарвозаи оҳанини электронӣ дар даромадгоҳи №1-и фурудгоҳ ба маблағи 18,7 ҳазор сомонӣ, сохтмони девори атрофи фурудгоҳ ба дарозии 600 метр ба маблағи 418 ҳазор сомонӣ, ҳамворкунии хатҳои паҳлугии бехатарӣ ба маблағи 688 ҳазор сомонӣ ва мумфаршкунии ҷои исти тайёраҳо ба масоҳати 25 000 м2 ба маблағи 3 250 ҳазор сомонӣ, ҳамагӣ ба маблағи 4506,7 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуд, ки дар ин самт корҳо идома доранд.

Дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Қурғонтеппа” аз ҳисоби маблағҳои худӣ корҳои заминӣ ва ҳамворкунӣ, дароз намудани хатти парвоз ба масофаи 165 метр, мумфаршкунии  ҷойи исти ҳавопаймоҳо, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон дар бинои хизматрасонӣ таҷҳизотҳои гармдиҳӣ (электропилтаҳо) гузошта шуд. Инчунин гирду атрофи фурудгоҳ бо панҷара маҳкам карда шуда, шинонидани гулу буттаҳо ва рангу бор намудани биноҳои маъмурии фурудгоҳ ба маблағи 1,5 млн. сомонӣ ба анҷом расонида шуд, ки корҳо дар ин самт идома доранд.