• Tajik
  • Русский
  • English

 

 

 ХУДОЁРЗОДА ХУДОЁР ЗАВҚИБЕК

 

  Рӯзҳои кабул

  Худоёрзода Худоёр Завқибек 15-уми сентябри соли 1958 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.

  Соли 1976 ба Институти  политехникии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи техникӣ) дохил шуда, соли 1982 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси “Иқтисодиёт ва ташкили нақлиёти автомобилӣ” хатм намудааст.    

   Фаъолияти кориашро аз соли 1982 ба  ҳайси муҳандис-иқтисодчии муассисаи шабакаҳои электрикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  оғоз намудааст. Соли 1983 ба муассисаи нақлиёти автомобилии №50 шаҳри Хоруғ ба ҳайси иқтисодчӣ ва иқтисодчии калон, солҳои 1984-1987 сардори автоколлонаи №1-и Муассисаи нақлиёти автомобилии №50, шаҳри Хоруғ, солҳои 1987-1990 сардори шӯъбаи банақшагирии Муассисаи нақлиёти автомобилии № 50 шаҳри Хоруғ, солҳои 1990-1993 сардори шӯъбаи истифодабарии Муассисаи нақлиёти автомобилии №50 шаҳри Хоруғ, солҳои 1993 -2000 директори Муассисаи нақлиёти автомобилии №50 шаҳри Хоруғ, солҳои 2000 -2003 Директори генералии ҶС “Помир – нақлиёт”, шахри Хоруғ, аз 5-уми октябри соли 2003 Муовини аввали сардори Идораи нақлиёти Помир, Директори генералии ҶС Муассисаи нақлиётии автомобилии №50, шаҳри Хоруғ, солҳои 2003 -2005 сардори Идораи нақлиёти  Помир, шаҳри Хоруғ. Аз соли 2005 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Солҳои 2006-2011 муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2011-2013 муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2013-2017  Раиси ноҳияи Рўшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон.

   Соли 1999 бо медали Хизмати шоиста, соли 2002 бо медали МЧС Россия, соли 2011 бо медали ҷашни 20-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

  Солҳои 1994-1999 ва соли 2005 вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  аз ҳавзаи интихоботии Дерзуди ноҳияи Рушон, моҳи феврали соли 2014 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рушон интихоб шудааст. Дар интихоботи барпогаштаи 1-уми марти соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рушон интихоб шудааст.

  Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми январи соли 2017  Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

  Феълан узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

  Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.