• Tajik
  • Русский
  • English

                МИРЗОЕВ СУҲРОБ БЕГМАТОВИЧ

 

 Мирзоев Суҳроб Бегматович 1 ноябри соли 1963 таваллуд шудааст.

 Соли 1981 мактаби миёнаи № 57 ба номи Абӯабдулло Рӯдакиро хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1986 донишкадаи мазкурро сарбаландона хатм намудааст. 

Фаъолияти кориашро соли 1986 ба ҳайси муҳандиси шӯъбаи кофтуковӣ-лоиҳакашии роҳҳои автомобилгарди Институти Лоиҳакашии «Тоҷикгипротранстрой»-и шаҳри Душанбе оғоз намуд. 

Соли 1989 то 1992 дар корхонаи сохтмонии Роҳсозии № 5-и трести Тоҷикдорстрой аз Устои роҳ то Сармуҳандиси ин корхона фаъолият намудааст.

Соли 1992-1993 сардори шуъбаи техникии трести Спецдорстрой фаъолият намудааст.

Соли 1993-2002 Сармуҳандиси корхонаи Идораи истеҳсолии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи тобеи Ҷумҳурии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Соли 1997-2001 аспирант ва ҳимояи номзади илмӣ намудааст.

2002-2003 кординатори лоиҳаи Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2003-2005 Ҷонишини сарнозири инспексияи нақлиёт.

2005-2006 Менеҷери лоиҳаи сохтмони роҳҳои ДСК ОАОТ “АВТОБАН” Ҷумҳурии Тунис.

2006-2012 Директори ҶДММ “Автострада”

2002-2005 ва 2007-2008 ҳамкор – и.в Дотсенти кафедраи “Роҳҳои автомобилгард ва Фурудгоҳҳо”- Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

2009-2012 ҳамзамон Мудири кафедраи “Роҳҳои автомобилгард ва Фурудгоҳҳо”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акдемик М.С. Осимӣ

2012 то 30.03.2015 Сардори МД “Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳу купрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе”

Аз 30.03.2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Оиладор соҳиби 4  фарзанд.