• Tajik
  • Русский
  • English

 

 

ВАЛИЗОДА РУСТАМ ФАЙЗ

 

    Рӯзҳои кабул

 

           Вализода Рустам Файз соли 1966 дар ноҳияи Шӯрообод таваллуд шудааст. Соли 1992 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намуда, фаъолияти кориро ба ҳайси коргари саҳроии бригадаи №4-и совхози Жданови ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ оғоз намудааст. Сипас, дар вазифаи устои роҳ дар Идораи истифодабарии роҳҳои № 66-и ноҳияи Шурообод фаъолият намуда, баъдан, муҳандиси шуъбаи сохтмони асосии Заводи хишти шаҳри Кулоб, сармуҳандиси Ширкати масъулияташ маҳдуди «Сайидо»-и шаҳри Кулоб, мутахассиси пешбари шуъбаи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгарди МД «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгарди муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонишини сардори МД «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шӯъбаи истеҳсолӣ-техникӣ ва банақшагирии МД «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуда кор мекард. Аз моҳи январи соли 2015 ба ҳайси сардори МД «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифои вазифа намудааст.

 

      Вализода Рустам Файз аз 27-уми январи соли 2016 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №14 муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.