• Tajik
  • Русский
  • English

         

       Имрӯз дар вазорат, бо мақсади тарғиби ҳамаҷонибаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кормандони Дастгоҳи марказӣ доир гардид.

      Оид ба масъала вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода баромад карда, дар бораи вазифаҳои дар Паёми навбатӣ барои рушди соҳа муайянгардида, ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ суханронӣ намудаанд.

      Дар ҷаласа инчунин 2 созмони ҷамъиятӣ (кумитаи занон ва кумитаи ҷавонон) таъсис дода шудаанд. Қудратова Дилбар ва Шералиев Умедҷон ба ҳайси роҳбари ин созмонҳо интихоб гардиданд