• Tajik
  • Русский
  • English

 

ГАНДЖАЛЗОДА ШЕРАЛИ РАХМОН

 

   

  Приёмные дни  

 

       

Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон 15 январи соли 1965 дар деҳаи Пехои ноҳияи Данғара дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Аз соли 1971 то соли 1981 дар мактабҳои таҳсилоти №21 ва №14-и ин ноҳия таҳсил намудааст.

  Соли 1981 ба Институти  политехникии Тоҷикистон рафта, факултаи «Автомобил ва роҳҳо»-и донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ соли 1986 хатм намудааст.

  Фаъолияти кориашро аз моҳи сентябри соли 1986 ба ҳайси муҳандиси шӯъбаи кофтуковӣ-лоиҳакашии роҳҳои автомобилгарди Институти Лоиҳакашии «Тоҷикгипротранстрой»-и шаҳри Душанбе оғоз намуда, то моҳи октябри соли 1988 дар ҳамин корхона кор кардааст. Аз моҳи ноябри соли 1988 то соли 1990 сардори гурӯҳи сметавию лоиҳакашии идораи истеҳсоли роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон, солҳои 1990-1993 сардори шӯъбаи истеҳсолии ҳамин идора, солҳои 1994-1995 ҷонишини сардори Трести «Хатлонроҳсоз», солҳои 1995-2003 сардори калонаи автомобилӣ ва ҷонишини директори генералии Иттиҳодияи истеҳсоли «Хатлонроҳ» ифои вазифа намудааст. Солҳои 2003-2006 сардори Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, солҳои 2006-2009 роҳбари Кооперативи истеҳсолии «Роҳсози»-и шаҳри Душанбе, аз моҳи сентябр то моҳи декабри соли 2009 дар вазифаи муовини сардори Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе, аз 11 декабри соли 2009 то 06марти соли 2013с. ҳамчун муовини якуми Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ифои вазифа намуда, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №117 аз 07.03.2013с. ба вазифаи муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Аз моҳи декабри соли 2013 то 03.02.2015 дар вазифаи Муовини якуми Вазири нақлиёт фаъолият намуд. Аз санаи 3-юми  феврали соли 2015 то 23-юми январи соли 2017  вазири нақлиёт таъин гардид.

  Аз 23-юми январи соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид

  Аз соли 2000-ум аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад ва 12 марти соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии №27-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Сино интихоб гардидааст.

  Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.